АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Маросими баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ дар самти ташхис ва табобати бемориҳои саратон байни Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»

07.02.2025




Дар ин маросим муовини аввали директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, Ахмедов Матин ва директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Акбарҷон иштирок намуда, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи тарафҳо, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самти ташхис ва табобати бемориҳои саратон ва корҳои илмию таҳқиқотӣ, Созишномаи мазкурро ба имзо расонидаанд.



Дар асоси ин Созишнома тарафҳо минбаъд уҳдадор мешаванд, ки робитаҳои ҳамкориро вусъат бахшида, баҳри самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, ташхиси беморон ва дигар самтҳои марбут ба ин соҳаро густариш диҳанд.



Дар доираи ин ҳамкорӣ «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»  интихоб ва таҳвили намунаҳои маводи биологиро ба озмоишгоҳи Агентӣ барои ташхис ва таҳқиқот бо истифода аз усулҳои таҳлили иммуносорбенти ферментӣ (ELISA) ва омӯзиши молекулавии генетикии намунаҳои маводи биологӣ (санҷиши ДНК барои мутатсия дар генҳои BRCA 1 ва BRCA2), ки ин ташхисҳо имкон медиҳанд, ки моилияти генетикӣ ба саратони сина, муайянкунии бемории саратонро дар марҳилаҳои аввал ва пешгирии рушди онро арзёбӣ мекунад, ба ӯҳда мегирад.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки имзои Созишнома, ки муҳлати эътибори он 5 солро дар бар мегирад, ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии табибон дар соҳаи саратоншиносӣ ва рушди соҳа мусоидат менамояд.